Дар марказ системаҳои нави донишсанҷӣ ворид гардиданд

Моҳи январи соли ҷорӣ дар ТҶ «МРМҶН» ба номи У. Шекспир тағйирот ва иловаҳо ба системаи санҷиши хонандагон дароварда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар марказ тестҳои электронӣ барои муайян карадани дараҷаҳои дониши хонандагон ба фаъолият шурӯъ кард. Тести электронии мазкур ҳоло барои дараҷаҳои ибтидоӣ ва миёна ба истифода дода шудааст, аммо маъмурияти марказ бо суръати баланд тестҳои электрониро барои дараҷаи олӣ низ омода сохта истодаанд

Муфассал

Дар марказ бозиҳои нави интеллектуалӣ баргузор гардид

Дар ташкилоти мо санаҳои 23.12, 25.12 ва 26.12. бозии интеллектуалӣ «Counter - strike» ташкил карда шуд. Дар ин бозӣ хонандагони бахшҳои Discussion 1, Discussion 3 ва Discussion 4 қувваозмоӣ карданд. Иштирокчиён дар муҳориба хело бо шавқу рағбати зиёд иштирок варзиданд ва тавоноии худ ва забондонии худро бори дигар исбот карданд. Барои аъзои ҳакамон пайдо кардани ғолиби муҳориба осон набуд, зеро ҳарфзании хонандагони марказ бо забони англисӣ дар дараҷаи аъло аст ва ниҳоят пас аз санҷишҳои иловагӣ ва сӯҳбатҳои тӯлонӣ аъзои ьакамон щолибонро пайдо сохтанд. Аз бахши Discussion 1: Абидова Аниса ва Каримова Хуршеда. Аз бахши Discussion 3: Мукаррамов Сӯҳроб ва аз бахши Discussion 4: Ҷумъаева Ҳадиса ва Дадобоева Шаҳноза ба унвони «Баҳскунандаи беҳтарин» сазовор гаштанд.

Муфассал

Ташкил ва гузаронидани бозиҳои нави интеллектуалӣ

Рӯзҳои охир аз тарафи маъмурияти ташкилот 2 намуд бозии интеллектуалии нав барои хонандагони марказ ворид гардид. Бозии аввалин «Дуэль» ё худ «Муҳориба» ном дорад. Ин бозӣ аз 3 давр иборат буда, дар он 2 нафар хонандагон иштирок меварзанд. Бояд гуфт, ки аз 8 нафар иштирокчиён 2 нафар иштирокчиён бозингарони асосӣ ба ҳисоб мераванд ва 6 нафари дигар гурӯҳи «Ёрирасон»-ро ташкил медиҳанд. Ғолиби ин озмун ба ҷоизаи «Наттоқи беҳтарин» сазовор мегардад. Бозии дувум бошад, «Сounter-strike» ном дошта он аз 4 давр иборат мебошад. Дар ин бозии интеллектуалӣ ҳамагӣ 8 нафар (зиедтар е камтар, вале микдори иштироккунандагони хар ду даста бояд баробар бошад) иштирок мекунанд. Ин бозӣ хеле шавқовар буда, хусусияти асосии ин бозӣ аз он иборат аст, ки ҳангоми анҷоми хар даври бозӣ 2 нафар иштирокиён аз бозӣ хориҷ мешаванд ва дар давраи ниҳоӣ танҳо ду нафар иштирок меварзанду халос. Ғолиби озмун ба ҷоизаи «Баҳскунандаи беҳтарин» сазовор мегардад.

Муфассал

Аввалин бор дар ташкилот «Клуби файласуфони чавон» ташкил карда шуд

Аввалин бор дар ташкилот «Клуби файласуфони чавон» ташкил карда шуд. Мақсад аз ташкил кардани ин клуб бо хонандагон шинос кардан ва омӯзонидани асосхои илми фалсафа, файласуфон ва ақидахои илмии онхо мебошад. Таълим бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, хонандагон на танхо ба маълумотҳои аҷоиби илми фалсафа соҳиб мешаванд, балки онҳоро таҳлил ва баҳс мекунанд.

Муфассал

Бори дуввум аст, ки дар ташкилот бахши махсуси тайёрӣ ба TOEFL ташкил карда шуд

Бори дуввум аст, ки дар ташкилот бахши махсуси тайёри ба TOEFL ба хоҳишмандон ташкил карда шуд, ки онро 10 нафар бомувафффакият хатм намуданд. Ин бахш аз 4 кисм иборат аст: хониш ва фаҳмидани матни душворфаҳм ва ба саволу тестҳо ҷавоб додан, шунидан ва фаҳмида тавонистани матни душворфахм аз нутқи дорандаи забон ва ба саолу тестҳо ҷавоб додан, гуфтугӯ гардан дар мавзӯъҳои додашудаи мухталиф, ва навиштани иншо бо забони англисӣ мебошад.

Муфассал

Дар мавсими тобистонаи омӯзиш дар ташкилот озмуни «Нутқи тиллоӣ» шуда гузашт

Дар мавсими тобистонаи омӯзиш дар ташкилот озмуни «Нутқи тиллои» шуда гузашт, ки дар он 10 нафар беҳтаринҳо ғолиб дониста шуданд. Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур ин баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон нисбати забономӯзӣ, санҷиш ва нишон додани маҳорати худ оиди зебо, далелнок, боваринок, сухан кардан дар ҷомеа мебошад. Дар ин озмун зиёда аз 50 нафар ишитрокчиён маҳорати худро санҷиданд. Ташкилот тасмим гирифт, соле ду маротиба чунин озмунро ташкил кунад.

Муфассал

Маросими супоридани шаҳодатномаҳо

Санаи 26 декабри соли 2016 21 нафар хатмкунандагон бахши Дискашн 1 ва 21 нафар психологияи интенсивиро бо забони англисӣ хатм карда ба Дискашн 3 роххат гирифтанд. Бод кайд кард, ки максади асосии ташкили ин бахшҳо ин инкишоф додани малакаву маҳорати хонандагон дар чабҳаи озодона фикри худро бо забони англисӣ баён кардан, онро бо далелҳо исбот кардан, баҳсу мунозира кардан, тартиб додани саволҳои таҳлили, таҳлил ва танқидкуни ва ғайра мебошад.

Муфассал

Бахши интенсивии Инсоншиносӣ бо забони англисӣ

Аввалин бор дар ташкилот дар мавсими тобистона бахши эксперименалии Инсоншиносӣ бо забони англисӣ ташкил карда шуд. Бахши Инсоншиносӣ ин фанни бисёрсоҳаи гуманитари буда, бахшҳои зеринро ба монанди фалсафа, таърих, ҷомеашиносӣ, диншиносӣ, санъат ва маданиятшиносӣ, этика эстетика, психология ва ғайраро дар бар мегирад. Дар раванди таълим хонандагон хеле мавзӯъҳои аҷоиб ва ҷолиби диккатро бо забони англисӣ аз худ карданд, ки ин имконият танҳо дар ин ташкилот ба онҳо дода мешавад.

Муфассал

10-солагии таъсисёбии ташкилот

Соли 2016 Ташкилот 10-солагии таъсисебии худро ботантана дар бинои театри К.Хучандӣ таҷлил кард. Дар ин чорабини волидайн меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, мактабу донишгоҳҳо ва ташкилотҳову марказхои омӯзиши иштирок карданд. Барномаи чорабини аз қисми расмии супоридани шаҳодатномаҳо, хондани гимни ташкилот, қасамёдкуни ва қисми фархангӣ иборат буд. Инчунин хатмкунандагон малакаву маҳорати худро бо забони англисӣ баҳсу мунозира карданро дар назди ҳозирин пешкаш карданд.

Муфассал

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93
Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93

Мо дар

счетчик посетителей сайта