Маросим бахшида ба ҷашни 15-солагии марказ

Санаи 28 декабри соли 2021 Маркази гуманитарии муосир ба номи У. Шекспир 15-солагии таъсисебии худро ботантана ҷашн гирифт. Маросими хатмкунӣ бахшида ба ҷашни 15 солагии марказ дар бинои муассисаи давлатии «Қасри Ҷавонон»-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони олиқадр аз донишгоҳҳои олии ш. Хуҷанд ва ситораҳои эстрадаи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар маросим ҳамаи омузгорон барои хизмтаи софдилонаи худ дар таълиму тарбияи насли нав бо мукофотпули қадрдони карда шуданд. Инчунин 13 нафар донишҷӯёни беҳтарин соҳиби стипендияи 3-дараҷагии директори марказ шуданд. Инчунин 18 нафар донишҷӯён, ки бахши «Инсон ва ҷомеа» - ро бо забони англисӣ бомуваффақият хатм намуданд, соҳиби диплом гардианд, ки ба сатҳи B2-C1 забони англисӣ маҳсуб меёбад.

Муфассал

Стипендияи Директори Марказ
Давраи 2

Санаҳoи 27, 28 ва 29 майи соли равон дар марказ давараи дуввуми лоихаи «Стипендияи Директори марказ" шуда гузашт. Дар он 120 нафар довталабон иштирок намуда, 40 нафар сохиби стипендия гаштанд.

Муфассал

Эълони натиҷаҳои супоридани идрорпулӣ

22 феврал дар толори бинои асосӣ маросими тантанавӣ баргузор гардид, ки ба эълони натиҷаҳои ғолибони лоиҳаи “Идрорпулии директори марказ” бахшида шуд. Ҳангоми мулоқот бо донишҷӯён Директори генералии ташкилот Ӯрунова Ҳ.У. қайд карданд, ки ҳамаи донишҷӯён хеле фаъол буданд ва сазовори гирифтани стипендия буданд. Бо вуҷуди ин, вазифаи ҳакамон аз байни беҳтаринҳо боз беҳтаринҳоро пайдо кардан буд ва тавре, ки директор қайд карданд, ин як раванди қабули қарорҳо хеле душвор буд. Ниҳоят, эълон шуд, ки қариб 35% иштирокчиён аз рӯи дараҷаи интихобкардаи худ сазовори идрорпулӣ гардиданд. Инчунин омузгори калони фанни забони англисӣ Ҷумаев Д.У. рӯзи мавлуд доштанд. Ҳамаи ҳозирин он касро бо зодрӯзашон табрик карданд. Орзуҳои беҳтарин ба Диловар Ҷумъаеви азизамон!

Муфассал

Раванди имтиҳон барои идрорпулӣ

Ҳафтаи аввали моҳи феврал ба имтиҳони идрорпулӣ бахшида шуда буд. Ҷадвали имтиҳонҳо хеле чандир буд, то ҳар як иштирокчӣ дар раванди санҷиш ширкат варзад. Раванди имтиҳон санҷишҳои хаттӣ, шунавоӣ ва навиштани эҷодиро (эссе) дар бар мегирифт. Қисми охирин ва муҳимтарини интихоб сӯҳбати инфиродӣ бо директори ташкилот буд. Дар давоми ҳафтаи санҷишӣ хоҳишмандон зиёд буданд ва натиҷаҳо дар маросими ғайринавбатӣ, ки санаи 22 феврал баргузор гардид, эълон карда шуданд.

Муфассал

Лоиҳаи «Идрорпулии директори марказ»

Соли нав барои донишҷӯёни мо имкониятҳои нав фароҳам меорад. Дар моҳи январи соли 2021, директори генералии марказ аз оғози лоиҳаи «Идрорпулии директори марказ» хабар дод. Лоиҳаи идрорпулӣ аз 3 дараҷа тақсим карда мешавад: • Дараҷаи 1 ба ғолибон дар давоми 3 моҳ тахфифҳои 20%, 30% ва 50% -ро фароҳам меорад. • Дараҷаи 2 ба ғолибон барои 3 моҳ тахфифи пурра (100% ройгон) медиҳад. • Дараҷаи 3 ба ғолибон тахфифи пурраи 3 моҳа ва маблағи умумии таҳсил барои 3 моҳро медиҳад. Талабот барои иштирок: • Иштирокчии курсҳои баҳсу мулоҳиза (англисӣ ва олмонӣ) • Натиҷаҳои хуби таълимӣ • Иштироки фаъолона ба дарсҳо • Тавсияномаи муаллим • Супоридани имтиҳони идрорпулӣ

Муфассал

Сӯҳбати инфиродӣ
Марҳилаи 3

4 феврал дар марказ марҳилаи ниҳоии аттестатсияи педагогӣ баргузор гардид. Марҳилаи 3 аз вохӯрӣ ва сӯҳбати инфиродӣ бо аъзоёни комиссия иборат буд. Мавзӯи сӯҳбат аз фанн ва хусусиятҳои он вобаста буд. Аъзои Комиссияи аттестатсионӣ: 1. Ҷӯраев А.Х. - мушовири ректори ДДХБСТ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, н.и.п., дотсент. 2. Каримов М.Б. - мудири кафедраи гуманитарии факултаи санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров. 3. Саидов М.М. - муаллими забони олмонӣ, факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров. 4. Ҳомидова М.Ф. - муовини декани факултети ҳуқуқшиносии ДДХБСТ, н.и.ҳ. 5. Умарзода Р. - муовини директори ТҶ "МГМ" ба номи У.Шекспир. 6. Урунова Х.У. - Директори генералии ТҶ "МГМ" ба номи. У Шекспир, н.и.п. Бояд қайд кард, ки баҳои максималӣ 10 буд ва зиёда аз 70% мураббиёни мо баҳои аъло гирифтанд.

Муфассал

Давраи Аттестатсияи педагогӣ
Марҳилаи 2

Марҳилаи дуввуми АП иборат аз навиштани иншои асоснок буд,. Аз муаллимон хоҳиш карда шуд, ки барои навиштани иншои асоснок яке аз 4 мавзӯъҳои зеринро интихоб кунанд: 1. Озодӣ чист? 2. Чӣ гуна малакаҳои навиштан, хондан, суханронӣ ва гӯш кардани хонандагонро инкишоф додан мумкин аст? 3. ВАО ва таъсири он ба шуури инсон 4. Гуногунии одамон Корҳо ба Олмон ба намояндаи Хадамоти калони таҷрибавӣ (SES) ҷаноби Кристиан Лётсер фиристода шуданд. Ҷаноби Лётсер тамоми корҳои хаттии омӯзгоронро дар давоми ҳафта тафтиш карда, баҳогузорӣ кард. Ҳама аз он хурсанд ва миннатдор буданд, зеро ин як таҷрибаи нотакрор ва роҳи рушди донишҳои касбӣ буд.

Муфассал

Давраи Аттестатсияи педагогӣ (Марҳилаи 1)

Аттестатсияи педагогӣ аз з намуди вазифа иборат мебошад: 1. Нишон додани дарси кушод 2. Навиштани иншо (эссе) 3. Мулоқот Пас аз бомуваффақият ҷамъбаст шудани моҳи озмунҳо дар моҳи ноябр, ба ҳамаи омӯзгорони марказ моҳи декабр ҳамчун моҳи озмунҳо ва аттестатсияи педгогӣ эълон карда шуд. Раванди озмун ва аттестатсияи педагогӣ аз 3 қисм иборат буд. Қисми аввал ҳар як мураббиро вазифадор кард, ки дарси намоишӣ (кушод) ташкил кунад. Дарсҳои намоишӣ 3 декабр оғоз ёфта, 22 декабр ба поён расиданд.

Муфассал

Эълони моҳи озмунҳо

Директори генералии Ташкилоти ҷамъиятии "МГМ" ба номи У.Шекспир Ӯрунова Ҳамида Умарбоевна моҳи ноябрро барои ҳамаи донишҷӯёни марказ моҳи озмун эълон карданд. Озмун дар самтҳои мухталиф баргузор шуд: "Диктанти беҳтарин", "Иншои беҳтарин", "Баҳскунандаи беҳтарин", "Spelling Bee", "Counter-Strike", "Баҳси калон" ва "Викторина". Ҳама донишҷӯён дар ин моҳи озмунҳо фаъолона ширкат варзиданд ва ғолибон дар маросими дипломсупорӣ бахшида ба ҷашни Соли нав, ки санаи 30-юми декабр баргузор гардид, бо тахфифҳои моҳона то 20% мукофотонида шуданд.

Муфассал

Курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони вилояти Суғд

Пас аз гузаронидани курси такмили ихтисоси муаллимон барои мураббиёни маркази худ, ташкилот тасмим гирифт, ки барномаи такмили ихтисоси омӯзгоронро ба муаллимони беруна ташкил кунад. Бояд қайд кард, ки лоиҳаи мазкур дар соли 2020 ду маротиба амалӣ карда шуд ва дар он намояндагони мактабҳои миёнаи давлатӣ, гимназияҳо, литсейҳо ва инчунин мактабҳои олии вилояти Суғд ширкат варзиданд. Иштирокчиён 20 мавзӯъи интихобшударо бо усули интерактивӣ ва дебатхо оид ба методикаи таълим, тафаккури интиқодӣ, психология ва фалсафаро омӯхтанд. Забони кории ин раванд забони англисӣ буд. Лоиҳаи аввал 20 июл оғоз ёфта, 26 август ба итмом расид, давомнокии барномаи дуюм - 2 октябр - 10 ноябрро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, дар ду лоиҳа зиёда аз 35 омӯзгорон дар курсҳои мо ширкат варзиданд ва фикру мулоҳизаҳои мусбат гузоштанд.

Муфассал

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд,
к. И.Сомонӣ 42, Бинои федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 770-02-01
Хуҷанд,
к. Камоли Хуҷандӣ 157
Тел (+99292) 727-68-52

E-mail hamidaurunova@yandex.ru

Мо дар

счетчик посетителей сайта