8 март-Рӯзи байналмилалии занон

Зеботарин фасли сол фаро расид! Бисёр рамзист, ки Рӯзи байналмилалии занон дар баҳор таҷлил карда мешавад. Ҳамкасбон-мардони ташкилоти мо низ ҳамаи бонувони ташкилотро табрик карданд. Санаи 6 март барои занони марказ мизи идона ороста шуд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ Диловар Ҷумъаев занонро табрик гуфтанд ва аҳамияти занонро дар ҳаёти ҳар як мард қайд карданд. Инчунин, ба занон тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим карда шуданд. Роҳбарияти ташкилоти мо тамоми занонро бо Рӯзи байналмилалии занон табрик мегӯяд! Мо мехоҳем, ки ҳамеша хушбахт ва сиҳатманд бошед. Хоҳони онем, ки ҳамеша чун баҳор нозанин бимонед! Рӯзи байналмилалии занон муборак!

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93
Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93

Мо дар

счетчик посетителей сайта