
Рӯзи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тибқи анъана дар маркази мо таҷлил карда мешавад. Ҳамин тавр, рӯзи 23 феврал ҳамаи ҳамкасбон-занон мардонро бо ид муборакбод гуфтанд ва орзуҳои беҳтаринро таманно карданд. Зиёфати идона низ ташкил карда шуд ва ба ҳамаи мардон тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим карда шуд.
Аз ин лаҳза истифода бурда, маъмурияти ТҶ «МГМ» ба номи У.Шекспир ҳамаи сарбозонро ва дар шахсияти онҳо тамоми мардони кишварамонро муборакбод намуданд. Орзу намуданд, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ дар кишвари азизамон ҳамеша ҳувайдо бошад!