Озмунҳо дар ташкилот

Моҳи марти соли ҷорӣ чун анъана пеш аз баргузории маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳо дар ТҶ "МРМҶН" ба номи У. Шекспир якчанд озмунҳо баргузор гардиданд, ки дар рӯйхати зерин зикр карда шудаанд:
1. Озмуни «Диктанти беҳтарин» бо забони англисӣ ва русӣ
2. Озмуни «Иншои беҳтарин» бо забони англисӣ
3. Озмуни «Баҳскунандаи беҳтарин» бо забони англисӣ
4. Озмуни «Counter-strike» барои хатмкунандагони бахшҳои Discussion
5. Озмуни «Онлайн-дебатёри беҳтарин» ба тариқи Viber
6. Озмуни «Беҳтарин донандаи иероглифҳо» бо забони хитоӣ
Беҳтарин ва фаъолтарин иштирокчиён, ки қобилияти забондонии худро нишон доданд, ғолибони озмун шинохта шуданд. Ба моннади Дадобоева Шаҳноза , Мансуров Парвиз, Шоираи Зокирзода, Каримова Хуршеда, Муҳаммадидрис Наргис ва Алишерзода Шукрона ғолибони озмуни «Counter-strike» гардиданд ва чун баҳскунандагони беҳтарин шинохта шуданд. Мақсад аз баргузор намудани чунин озмунҳо дар он аст, ки хонандагон на танҳо дар давоми дарс, балки дар давоми баргузор гардидани озмун ва мусобиқаҳо фаъол бошанд, қобилияти зеҳнии худро сайқал дода, ҷустуҷӯ кунанду, барои ба қуллаҳои баланди дониш расидан кӯшиш намоянд. Ғайр аз ин, озмунҳо ба монанди «Counter-strike» ва «Онлайн дебат» ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки фикрронии танқидии хешро сайқал диҳанду озодона фикри худро дар ҷамъият баён намоянд.

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93
Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93

Мо дар

счетчик посетителей сайта