Дар марказ бозиҳои нави интеллектуалӣ баргузор гардид

Дар ташкилоти мо санаҳои 23.12, 25.12 ва 26.12. бозии интеллектуалӣ «Counter - strike» ташкил карда шуд. Дар ин бозӣ хонандагони бахшҳои Discussion 1, Discussion 3 ва Discussion 4 қувваозмоӣ карданд. Иштирокчиён дар муҳориба хело бо шавқу рағбати зиёд иштирок варзиданд ва тавоноии худ ва забондонии худро бори дигар исбот карданд. Барои аъзои ҳакамон пайдо кардани ғолиби муҳориба осон набуд, зеро ҳарфзании хонандагони марказ бо забони англисӣ дар дараҷаи аъло аст ва ниҳоят пас аз санҷишҳои иловагӣ ва сӯҳбатҳои тӯлонӣ аъзои ьакамон щолибонро пайдо сохтанд. Аз бахши Discussion 1: Абидова Аниса ва Каримова Хуршеда. Аз бахши Discussion 3: Мукаррамов Сӯҳроб ва аз бахши Discussion 4: Ҷумъаева Ҳадиса ва Дадобоева Шаҳноза ба унвони «Баҳскунандаи беҳтарин» сазовор гаштанд.

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93
Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93

Мо дар

счетчик посетителей сайта