Ташкил ва гузаронидани бозиҳои нави интеллектуалӣ

Рӯзҳои охир аз тарафи маъмурияти ташкилот 2 намуд бозии интеллектуалии нав барои хонандагони марказ ворид гардид. Бозии аввалин «Дуэль» ё худ «Муҳориба» ном дорад. Ин бозӣ аз 3 давр иборат буда, дар он 2 нафар хонандагон иштирок меварзанд. Бояд гуфт, ки аз 8 нафар иштирокчиён 2 нафар иштирокчиён бозингарони асосӣ ба ҳисоб мераванд ва 6 нафари дигар гурӯҳи «Ёрирасон»-ро ташкил медиҳанд. Ғолиби ин озмун ба ҷоизаи «Наттоқи беҳтарин» сазовор мегардад. Бозии дувум бошад, «Сounter-strike» ном дошта он аз 4 давр иборат мебошад. Дар ин бозии интеллектуалӣ ҳамагӣ 8 нафар (зиедтар е камтар, вале микдори иштироккунандагони хар ду даста бояд баробар бошад) иштирок мекунанд. Ин бозӣ хеле шавқовар буда, хусусияти асосии ин бозӣ аз он иборат аст, ки ҳангоми анҷоми хар даври бозӣ 2 нафар иштирокиён аз бозӣ хориҷ мешаванд ва дар давраи ниҳоӣ танҳо ду нафар иштирок меварзанду халос. Ғолиби озмун ба ҷоизаи «Баҳскунандаи беҳтарин» сазовор мегардад.

Навиштани нома

Натиҷаи мактуб ба почтаи электрони шумо фиристода мешавад.

Суроғои мо

Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93
Хуҷанд, И.Сомонӣ 42
Бинои шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд 4-ум ошёна
Тел (+99292) 714-62-93

Мо дар

счетчик посетителей сайта